А. Фаёзов аз олам даргузашт

Сентябрь 25, 2012 10:17

Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 23 сентябри соли ҷорӣ бар асари бемории сактаи дил директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» Фаёзов Акбар Мирзоевич дар синни 59 — солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам гузашт.Марҳум А. Фаёзов 11 августи соли 1953 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1976 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-механик ва соли 1990 Академияи хоҷагии халқи ИРСС хатм намудааст. Солҳои 1976-1987 ба ҳайси танзимгари сехи механикии №3 заводи «Душанбеселмаш», устои калон, механики сехи механикии №3 заводи «Тоҷикгидроагрегат», солҳои 1987-1988 директори заводи «Тоҷикгидроагрегат», солҳои 1988-1996 директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикгидроагрегат», солҳои 1996-2001 муовини аввали раиси шаҳри Душанбе, солҳои 2001-2008 раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, солҳои 2008-2009 сардори раёсати ободонии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.Аз сентябри соли 2009 то охири ҳаёташ вазифаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет»-ро ба ӯҳда дошт.А. Фаёзов қаблан вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ буд. Барои хизматҳои шоён бо ордени «Дӯстии халқҳо» мукофотонида шудааст. Маросими ҷанозаи марҳум А. Фаёзов дирӯз, 24 сентябр баргузор гардид ва дар оромгоҳи Сариосиёи шаҳ ри Душанбе ба хок супорида шуд.

Сентябрь 25, 2012 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!