Афзоиши қарзи андоз
Мӯъминобод, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Дар ноҳияи Мӯъминобод қарзи андоз ба 2 миллиону 195ҳазору 597 сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 445 000 сомонӣ зиёд аст. Анвар Сафаров, ҷонишини сардори нозироти андози ноҳия гуфт, ки корхонаи хишти Кӯлоб аз соли гузашта дар тавозуни ноҳия сабти ном гардидааст ва корхона аз пардохти андоз ба маблағи 827 000 сомонӣ қарздор буда, то ин ҷониб масъулини корхона наметавонанд қарзи худро пардохт намоянд. Инчунин хоҷагиҳои «Тебалай», «Ғулом Бобоёров», Муассисаи ободонӣ, Идораи суғурта, хоҷагии об, ҷамъияти матлубот, идораи обрасонӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз пардохти андоз аз 35 000 то 45000 сомонӣ қарздоранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






