Афзоиши кишти зироат дар кишвар

Сентябрь 19, 2012 15:25

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар кишти зироатҳои кишоварзӣ барои ҳосили соли 2012 дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ (фермерӣ) бояд дар масоҳати 308358 гектар, аз ҷумла ғалладонаи тирамоҳӣ дар 178260 гектар ва ғалладонаи баҳорӣ дар 130098 гектар кишт гузаронида мешуд. Тибқи омор, дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони ҷумҳурӣ дар масоҳати 176402 гектар кишти тирамоҳии зироати ғалладонагӣ гузарониданд, ки ба 99 фоизи дурнамо баробар мебошад. Инчунин дар соли ҷорӣ дар майдони 78006 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 99,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Назар ба иттилои Вазорати кишоварзӣ майдони кишти ғалладона аз 31903 гектар иборат аст. Дар айни замон дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ кишти такрории зироати кишоварзӣ идома дорад.

Сентябрь 19, 2012 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад