Афзоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ

Сентябрь 18, 2012 08:59

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Маҳсулоти корхонаҳои саноатии ҶТ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 11,7 фоиз зиёд шудааст,-иттилоъ доданд аз Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар давоми моҳҳои январ-августи соли 2012 корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 5 млрд. 904 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Асосан афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии маҳсулоти корхонаҳои Вазорати энергетика ва саноат, аз ҷумла истихроҷи нафту газ, ангишт ва намудҳои алтернативии энгергия, маъдан ва филизоти қиматбаҳо, мошинсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, масолеҳи бинокорӣ, маҳсулоти корхонаҳои воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ», «Ғалла», «Гӯшту шир» ва маҳсулоти корхонаҳои соҳаи пахтатозакунӣ ба вуҷуд омадааст.

Сентябрь 18, 2012 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад