Афзоиши номгӯи истеҳсоли маҳсулот дар 8 моҳ

Сентябрь 19, 2012 08:41

Душанбе, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар моҳҳои январ-августи соли 2012 ҳаҷми коркарди маҳсулоти саноатӣ ба 3 млрд. 990 млн. сомонӣ расонида шуд, ки аз он 2 млрд. 251 млн.сомониашро маҳсулоти хӯрокворӣ дар якҷоягӣ бо нӯшокиҳо ва тамоку, 618 млн. сомонӣ маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, 33 млн. сомонӣ маҳсулоти нафтӣ, 243 млн. сомонӣ маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ ва 588 млн. сомониашро истеҳсолоти металлургӣ ва маснуоти тайёри филизӣ ташкил дод. Дар ин муддат номгӯи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард 11 фоиз афзудааст,- иттиллоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба иттилои манбаъ, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 4,4 фоиз афзудааст, ки он аз ҳисоби зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти колбаса ба андозаи 24,8 фоиз, панир 1,8 баробар, консерваҳо 22,1 фоиз, маҳсулоти қаннодӣ 12,2 фоиз, нӯшокиҳои беспирт 21,6 фоиз ва зиёд шудани истеҳсоли оби маъданӣ ба андозаи 27,3 фоиз муяссар гардид.Дар баробари зиёд шудани даҳҳо номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли маҳсулоти маъдании ғайрифилизӣ 12,4 фоиз кам гардид, ки он аз ҳисоби истеҳсоли нокифояи семент, хишти сементӣ, тахтасангҳои мармарӣ, клинкар ва оҳаки бинокорӣ ба вуқӯъ омадааст.

Сентябрь 19, 2012 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд