Агар аҳли маориф бигзарад, боқӣ бувад номаш…
Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Фаъолияти пурсамари муаллимони ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд. Имсол ба таъсиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 10 сол пур мешавад. Дар бинои ин махзани илм осорхонаи маориф фаъолият дорад, ки умри беш аз 50-сола дорад. Ба ин муносибат директори осорхонаи мазкур Саодати Абдуфаттоҳ китоберо таҳти унвони «Осорхона –махзани тарбия» нашр кардааст. Дар китоб таърихи ташаккули маориф, ба вижа осорхонаи маорифи Тоҷикистон маълумоти муфид дода шудааст.Таъсиси мактабҳои шакли нав дар солҳои 20-30-уми асри XX, корнамоиҳои муаллимон дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ, таҷрибаи кори муаллимони пешқадами ҷумҳурӣ, таърихи таъсиси донишгоҳҳою пажуҳишгоҳҳо, фаъолияти имрӯзаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон китобро пурмуҳтаво ва хонданбоб намудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






