Айб дар ош аст ё дар мош?

Сентябрь 3, 2012 16:35

Душанбе, 03 сентябр (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — Аз 27 август то 2 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳўрӣ 19 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 9 нафар ба ҳалокат расида, 20 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Данғара 27 августи соли 2012, соати 20.15 ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра» Равшан Ниёзов, соли таваллудаш 1990, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти Кӯлоб дар деҳаи Балхӣ бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагарди ноболиғ Алиҷон Самадови чорсоларо зер мекунад, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳалок мешавад. Бештари садамаҳои роҳу нақлиётӣ бо сабаби бо суръати баланд идора кардани воситаи нақлиёт, нодуруст ба сабкат (обгон) баромадан, итоат накардан ба аломатҳои огоҳкунандае, ки дар ҷойҳои лозимӣ насб шудаанд, сар задаанд. Аз ин рў, аз тамоми ронандагон талаб ва хоҳиш мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянду ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.

Сентябрь 3, 2012 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад