Амалиёти «Автобус» дар Хатлон
Қурғонтеппа, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Амалиёти «Автобус», ки тайи 10 рӯзи охир дар вилояти Хатлон идома дошт, имрӯз анҷом меёбад. Дар ин бора нозири калони шӯъбаи тарғиб ва назорати Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон Ёрмаҳмад Давлатов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Мақсад аз рӯи кор овардани ин чорабинӣ коҳиш додани қонуншикании байни нақлиёти мусофирбар дар роҳҳои вилоят мебошад. Дар ҷараёни ин амалиёт ҳамчунин вазъи техникии нақлиёти мусофирбар санҷида мешавад.Мувофиқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, аз аввали сол 240 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари онҳо 73 нафар ҳалок гардида ва 264 нафар ҷароҳати вазнин бардоштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






