Аз Мактаби байналмилалии президентӣ то донишгоҳҳои Аврупову Амрико

Сентябрь 1, 2012 09:34

Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштироки худ дар ифтитоҳи расмии Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе аз ҳамаи шаротҳои мактаби мазкур дидан намуда, барои хубтару беҳтар ба роҳ мондани таҳсил, таъмин намудани хонандагон бо шароити маишӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии маҳассилин дастуру пешниҳод ва маслиҳатҳои муфид дод.  Маврид ба зикр аст, ки Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, нақшаи таълимии он тибқи талаботи стандарти давлатии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти стандарти байналмилалии таҳсилот дар Аврупо таҳия гардидааст. Ҳамчунин тибқи нақшаҳои таълимии таҳиягардида ҳамаи хонандагони ин мактаб ҳуқуқ пайдо мекунанд, то дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба коллеҷу мактабҳои олии Аврупо ва Амрико иштирок намудаву шомили онҳо гарданд. Зеро асоси нақшаҳои таълимии ин мактаб мувофиқ ба стандартҳои байналмилалии Донишгоҳи Кембриҷи Британия таҳия шудааст. Мактаб дорои 16 синфхонаи лингофонӣ буда, барои ҳамаи фанҳо синфхонаҳо ва озмоишгоҳҳо муҳайё мебошад. Таҳсил дар Мактаби байналмилалии президентӣ асосан бо забони англисӣ сурат мегирад ва дар он ҳам хонандагон аз Тоҷикистон ва ҳам толибилмони хориҷи кишвар метавонанд таҳсил намоянд.

Сентябрь 1, 2012 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!