Баргузории дуввумин намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Душанбе

Сентябрь 4, 2012 16:44

Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар» Сарвинози Рӯҳуллоҳ). – Имрӯз бахшида ба «Рӯзи китоб» дар боғи Рӯдакӣ намоишгоҳи китоб баргузор гардид. Дар чорабинӣ китобҳои гуногуни шоирону нависандагони тоҷик, бахусус китобҳои кӯдакона ба намоиш гузошта шуданд.   Ин намоишгоҳ, ки аслан бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, аксаран ҷавононро дар боғи мазкур гириди ҳам овард. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ таблиғи китоб ва китобхонӣ дар байни ҷавонону наврасон арзёбӣ шуд. Бахтиёр Зоиров, як ҷавоне ки аз ин намошгоҳ дидан мекард, бо истиқбол аз баргузории чунин чорабинӣ гуфт, аз ин ҷо китобҳои навро, ки арзиши баланди маънавӣ доранд, бо нархи нисбатан арзон харид кардааст. Ӯ мегӯяд: солҳои охир иштироки ҷавонон дар чунин чорабиниҳои фарҳангӣ бештар шудааст. Аммо аз ҷониби дигар ҳарчанд дар ин намошгоҳ китобҳои зиёди кӯдакона ҳам пешниҳод шуда буданд, вале шумораи ками кӯдакон дар ин ҷо мушоҳида мешуд. Санҷар Раҳимов, хонандаи синфи якуми яке аз мактабҳои пойтахт, ки ҳамроҳи бародар ва модараш аз ин намиошгоҳ дидан мекард, гуфт, ки барояш китобҳое ки дар ин намоишгоҳ гузошта шудаанд, нав нестанд, зеро вай чанд сол пештар онҳоро, ки бо забони русӣ нашр шудаанд, хонда буд.   Дар ҳамин ҳол Мавҷудаи Соҳибназар, корманди ташкилоти байналмилалии «Истиқбол», ки дар ин намошгоҳ бештар аз 100 намуди китобҳои кӯдаконаи нашрнамудаи ин ташкилотро муаррифӣ мекард, гуфт: кӯдакон ба чунин чорабиниҳо таваҷҷӯҳи камтар доранд. –Ташкилоти «Истиқбол» барои кӯдакон бо 8 забон китоб нашр мекунад ва аз аввали фаъолияти худ то имрӯз зиёда аз як млн. китоб нашр кардааст. Имрӯз кӯдакон ба китобхониву хариди китобҳо таваҷҷӯҳ надоранд, зеро ҳавасмандгардонӣ нест. Барои мисол, чунин намошгоҳҳо, ки дар сатҳи расмӣ мегузаранд, ҳаводорони китобро хушҳол намекунанд. Ҳатто кӯдаконро маҷбуран аз боғчаву мактабҳо ба ин ҷо меоранд. Хуб мешуд, дар баробари он, ки чунин намоишгоҳ баргузор мешавад, ягон озмуни китоби беҳтарин ё хонандаи хурдсоли беҳтарин роҳандозӣ мешуд,-гуфт хонум Мавҷуда. Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки дар расми ифтитоҳи чорабинӣ сухан мегуфт, иброз дошт, ки: «китоб чароғи нурафшони маърифат барои зиндагии ояндаи ҷавонону наврасон аст ва омӯзишу ифтихори ватандорӣ низ ҳамеша аз китоб сарчашма мегирад». Гуфта мешавад ин дуввумин намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе мебошад, ки рӯи кор омадааст. Чор сол аст, ки санаи 4-уми сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил мешавад. Маврид ба зикр аст, ки дар саросари кишвар 1300 китобхонаи оммавӣ ва 120 мағозаи фурӯши китоб фаъолият мекунад. Зимнан дар давоми 5 соли ахир 30 китобхонаи нав ва танҳо дар соли 2011-ум 20 фурӯшгоҳи нави китоб дари худро ба рӯи мизоҷони худ боз кардаанд. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе китобхонаи адабиёти кӯдакона ба номи Мирсаид Миршакар фаъолият мекунад.

Сентябрь 4, 2012 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд