Баррасии ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Туркманистон
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). – Имрӯз дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чинор Рустамова баргузор гардид. Аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот Ш. Раҳимзода барои дастгирӣ ва ҳамкориҳои судманд дар соҳаҳои мухталиф ба сафир изҳори миннатдорӣ намуд. Чинор Рустамова дар навбати худ ба анъана, фарҳанг ва табиати зебои Тоҷикистон баҳои баланд дода, иброз дошт, ки ҳамчун Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон баҳри вусъати муносиботи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бо ҳам дӯст аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






