Баррасии бартарии технологияҳои мобилӣ дар Душанбе
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам).- Конфронси дуюми байналмилалии «Бартарии технологияҳои мобилӣ барои рушди ҳукумати электронӣ дар кишварҳои Осиё», ки 25-26 сентябри соли равон дар Маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» баргузор мегардад, беш аз 100 нафар мутахассис, мушовири байналмилалӣ ва намояндаи муассисаҳои давлативу ғайридавлатиро гирд меорад. Дар конфронс иштироки коршиносони байналмилалӣ аз Гурҷистон, Молдова, Филиппин, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Афғонистон дар назар аст.Ҳамчунин дар доираи конфронси мазкур 24 сентябр семинар дар мавзӯи «Асосҳои полисимейкинг оид ба Технологияҳои Иттилоотию Коммуникатсионӣ (ТИК) баҳри рушд» ва 27-28 сентябр дар вазорату идораҳои калидӣ оид ба бартарии технологияҳои мобилӣ ва пешбурди ҳукумати электронӣ мизҳои гирд баргузор мегарданд. Конфронси мазкурро Шӯрои ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шарикии Ассотсиатсияи Интернет — сервис провайдерҳо ва ҷонибҳои манфиатдори рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мекунанд. Сарпарастии расмии чорабиниро ҶСП «ТТ-mobile» ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






