Баррасии ислоҳоти кишоварзии Тоҷикистон

Сентябрь 24, 2012 16:09

Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ Конфронси байналмилалӣ оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон доир гардид.  Дар кори конфронс намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ оид ба соҳаи кишоварзӣ ва созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ иштирок намуданд. Сараввал намояндаи Шӯрои ҳамоҳангсозии рушд Стефан Эрбер, Роҳбари дафтари Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ оид ба Стратегияи муҳлати миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 (Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ-4)-Амнияти озуқаворӣ, беҳ намудани идоракунии давлатӣ ва афзалиятҳои рушди сохтори хусусӣ маърӯза кард. Сипас муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон дар бораи дастовардҳо ва натиҷаҳои асосии Ислоҳоти кишоварзӣ ва тафсири кори якҷояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар солҳои 2009-2012 маълумот дод. Инчунин ҳамоҳангсози Барномаи ислоҳоти кишоварзӣ дар Шӯрои ҳамкориҳои рушд, мушовири калони сиёсии Дафтари Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) Насим Ҷавод дар мавриди қадамҳои навбатӣ, хулосаи мухтасари нақшаи корӣ, масъалаҳои ҳалталабе, ки мебояд пайгирӣ кард, суханронӣ намуд. Аз тарафи иштирокчиёни конфронс саволҳо оид ба ислоҳоти соҳаи аграрии Тоҷикистон дар мавриди истифодаи об, замин ва роҳҳои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ва иштироки занон дар соҳаи кишоварзӣ пешниҳодҳо ироа шуданд. Бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуд, ки масъалаҳои муҳими соҳаро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Сентябрь 24, 2012 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!