Баррасии масъалаҳои тиҷоратии Тоҷикистону Эрон

Сентябрь 26, 2012 13:51

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти тоҷирони Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.  Дар рафти вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки тоҷирони Эрон тайи як ҳафта дар шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон бо тоҷирони кишвар якчанд мулоқот доир намуданд. Раиси ПСС Шариф Саид иброз намуд, ки ҳамкориҳои ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг мустаҳкам гардида, бисёр созишномаҳои ҳамкорӣ низ ба имзо расидаанд. Мақсади асосии баргузории чорабинии имрӯза — густариш додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва пеш аз ҳама гузаштан аз назар ба амал аст. Вай гуфт: «Ман хоҳиш менамоям, ки дар соли оянда, яъне моҳи майи соли 2013 намоиши молҳои саноатии вилояти Хуросони Шимолӣ дар Тоҷикистон гузаронида шавад». Тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистону Эрон дар соли 2011-ум 204,2 млн. доллари амрикоиро ташкил дод, ки назар ба соли 2010 ба андозаи 101,5 % афзоиш ёфтааст.

Сентябрь 26, 2012 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд