Баррасии пешгирӣ аз ҳолатҳои худкушӣ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Мушкилоти худкушӣ байни ҷавонон, бахусус ҷавонони деҳот ниҳодҳои марбутаи ҳокимияти давлатиро нигарон карда, баҳри пешгирӣ ва бартараф сохтани он дар миқёси қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ як зумра чорабиниҳои судманд анҷом дода мешавад. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда, КВД “Маркази ҷавонони шаҳри Душанбе” рӯзи 22 сентябри соли равон дар ҷамоати деҳоти Росия ва санаи 25 сентябр дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия Рӯдакӣ оид ба пешгирии омилҳои худкушӣ миёни ҷавонони деҳот бо ҷалби масъулини ниҳодҳои марбута семинар-машварат доир менамояд. Ҳадафи асосӣ аз татбиқи ин барнома тавассути баргузории чорабиниҳои маърифатӣ-иттилоотӣ раҳнамун сохтани қишри муқаввои ҷомеаи тоҷик — ҷавонон ба самти бедории иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ, сафарбар намудани онҳо ба интихоби огоҳона ва ба ин васила коҳиш додани мизони худкушӣ миёни насли наврас ва ҷавон, умуман аҳолӣ дар Тоҷикистон мебошад. Масъулин ва коршиносон масъалаи худкуширо ҳамчун зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, равонӣ ва ахлоқӣ мавриди баррасӣ қарор дода, тариқи усулҳои фаъоли муошират сатҳи иттилооти ҷавононро дар робита бо масъалаи худкушӣ мушаххас хоҳанд кард. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» масъули бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мастура Нурова иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






