Бемории гулӯзиндонак пешгирӣ мешавад
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустии кишвар, бо мақсади пешгирии бемории гулӯзиндонак, баланд бардоштани сатҳи масъунияти аҳолӣ нисбат ба бемории гулӯзиндонак, дар доираи Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемории гулӯзиндонак аз 24 то 29 сентябри соли 2012 даври якум дар байни аҳолии аз 7 то 21-сола бо ваксинаи АДС-М, аз 29 октябр то 3 ноябри соли ҷорӣ дар байни аҳолии аз 13 то 21-сола бо ваксинаи АДС-М гузаронида мешавад.Аз Вазорати тандурустӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар назди вазорат Ситоди кишварии ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои гулӯзиндонак ташкил гардида, ба сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, директорони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, директорони бахшҳои Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика супориш шудааст, ки ситодҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро низ созмон диҳанд. Ҳамчунин масъулон вазифадор шудаанд, ки барои гузаронидани эмкунӣ дар маҳаллаҳои дурдаст бригадаҳои сайёр ташкил кунанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






