Беш аз 8 млрд. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардидаи кишоварзӣ дар ҳамаи сохторҳои он ба 8 млрд. 37 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 дар соҳаи растанипарварӣ ба андозаи 5 млрд. 625 млн. ва дар соҳаи чорводорӣ ба миқдори 2 млрд. 414 млн. сомонӣ (бо нархҳои ҷорӣ) зиёд шудааст,- иброз доштанд дар Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар вазорати мазкур зиёд шудани ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар сатҳи минтақаҳо шарҳ дода, иттилоъ доданд, ки то 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 115 млн. сомонӣ, дар вилояти Суғд — 2 млрд.169, Хатлон — 4 млрд. 244 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) 1 млрд. 508 млн. сомониро ташкил дод.Ҳамчунин то 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар соҳаҳои дигари хоҷагидорӣ, аз ҷумла растанипарварӣ, ғаллакорӣ, картошкапарварӣ ва меваю сабзавот ба муваффақиятҳои бештаре ноил гардида, беш аз 863 ҳазор тонна ғалла, зиёда аз 398 ҳазор тонна картошка, 713 ҳазор тонна сабзавот, 300 ҳазор тонна маҳсулоти полезӣ, 158 ҳазор тонна мева ва қариб 63 ҳазор тона ангур истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,4 фоиз ғалла, 17, 8 фоиз картошка, 9,2 фоиз сабзавот, 10, 2 фоиз маҳсулоти полезӣ, 28 фоиз мева, 15, 3 фоиз ангур зиёд истеҳсол гардидааст. Бо вуҷуди ин, ҷамъоварии маҳсулоти пурқимати саноатӣ — пахта нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба андозаи 69 фоиз кам аст ва дар сурати сард шудани ҳарорати ҳаво иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта зери суол мемонад. Аз ин рӯ, хоҷагиҳои деҳқонии пахтакорро зарур аст, ки аз ҳар рӯзи офтобии моҳи сентябр самаранок истифода намуда, ҳосили бо ҳазор заҳмат рӯёнидаашонро беталаф ҷамъоварӣ намоянд ва барои коркарду фурӯш ба корхонаҳои пахтатозакунӣ супоранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






