Бизнес-форуми Тоҷикистону Олмон

Сентябрь 7, 2012 10:04

Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо мақсади рушди муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон 6 сентябри соли равон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Олмон баргузор гардид.   Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати мзкур иттилоъ доданд, дар рафти Бизнес-форум бо иштироки вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода ва мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон, пофессор Райнер Линднер масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷӯҳи бештар ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак, пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ равона гардид. Бояд гуфт, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва дастгирии Вазорати федеролии иқтисод ва технологияи Олмон, Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон ва Агентии энергетикии Олмон сурат гирифт. Дар Бизнес-форум намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ва намояндагони ширкатҳои маъруфи энергетикӣ, сармоягузорӣ ва муассисаҳои молиявии Олмон иштирок намуданд. Дар рафти ҳамоиш лоиҳаҳои мухталиф оид ба таҳкими муносибатҳо миёни соҳибкорони Тоҷикистону Олмон муаррифӣ гардиданд.

Сентябрь 7, 2012 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад