Боздиди Э. Раҳмон аз иёлати Карнатакаи Ҳиндустон
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба маркази иёлати Карнатакаи Ҷумҳурии Ҳиндустон шаҳри Бангалор ташриф оварда, аз чанд корхонаи технологии он дидан кард ва бо Губернатори иёлат Хансраҷ Бҳарваҷ мулоқот намуд.Зимни боздид аз корхонаҳои истеҳсолии ширкатҳои HAL ва Infosys Technologies Limited, аз ҷумла аён гардид, ки дар воқеъ Бангалор шаҳри дорои тараққиёти хуби иқтисодию техникӣ буда, ба манзури пешрафтҳои босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва навовариҳояш “Водии силикон” ном гирифтааст.Дар мулоқот бо Губернатори иёлати Карнатака масоили ҳамкории судманди Тоҷикистон бо ин минтақаи рушдкардаи Ҳиндустон баррасӣ шуд.Ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноати мошинсозӣ, истеҳсоли маводи электронӣ, телекоммуникатсионӣ, шоҳибофӣ ва дар соҳаҳои биотехнология, кишоварзӣ, аз ҷумла зироатҳои донагӣ ва ороишӣ, гулпарварӣ ва ашёи хоми шоҳӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.Ҷалби васеи соҳибкорони хусусӣ ба густариши ҳамкорӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафтаи илму техника ва технологияҳои муосир матлуб дониста шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






