Боздиди сардори Хадамоти муҳоҷирати ҶТ аз шаҳри Самара
Душанбе, 4 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марҳабо Зунунова).- Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев дар ҷараёни сафари кориаш ба Русия 3 сентябр дар шаҳри Самара бо сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Самара Валерий Яковлев мулоқот намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мусоҳибон масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, фаъолияти қонунии муҳоҷирон, ҳифзи ҳуқуқу манофеи онҳо, ҳамчунин кори муштарак ва ҷалби ҷамоаи тоҷикон дар ҷараёни фароҳам овардани шароити ба муҳити иҷтимоиву фарҳангии ҷомеаи Русия одат кардани шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд. Сафиалло Девонаев аз фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, перомуни омӯзиши забони русӣ нақл кард. Валерий Яковлев дар навбати худ ба мусоҳибаш аз вазъи муҳоҷират дар минтақа хабар дода, изҳор дошт, ки ҷониби Русия омода аст бо Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикхориҷакор» дар амри ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд. Сафиалло Девонаев ҳамчунин бо намояндагони ҷамоаи тоҷикон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Самара мулоқот намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






