Боздиди вакил аз МОИ «Суғд»

Сентябрь 20, 2012 11:07

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- Чанде пеш намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Домуллоҷон Ҷабборов аз минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дидан кард. Мавсуф ба ҳозирон перомуни Кодекси нави андози кишвар, ки чанде пеш онро парлумони мамлакат қабул намуда буд, нақл кард. Мувофиқи суханони Домуллоҷон Ҷабборов, сабабҳои асосии ворид намудани тағйироту иловаҳо ба лоиҳаи Кодекси андоз хоҳиши шаҳрвандон ва аз теъдоди зиёди андозҳо ва нархи онҳо норозӣ будани соҳибкорон мебошад. Кодекси нави андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2013 ба мавқеи иҷро мерасад. Аз ҷумла, зикр шуд, ки бо назардошти таҷрибаи Гурҷистон дар бахши андоз ба лоиҳаи Кодекси нав беш аз 30 фоиз тағйирот ворид гардид. Ба лоиҳаи нав 360 номгӯй илова шуда, теъдоди андозҳо аз 21 адад то ба 10 адад кам карда шуд. Дар ин бора мутахассиси маркази иттилооту таҳлили минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳайё Қаюмова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Сентябрь 20, 2012 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд