Боздошти ду нафар бо гумони нашъаҷаллобӣ
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд соҳибкори 44-соларо, ки роҳбарии як дорухонаро ба ӯҳда дорад, бо гумонбарӣ ба қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карданд. Зимни кофтукови шахсӣ аз вай халтачаи селофанӣ ёфт ва мусодира гардид, ки дар дохилаш 2 бастаи маводи навъи ҳашиш мавҷуд буд. Бо мақсади ошкор ва дастгир кардани ҳаммаслаки дастгиршуда кормандон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ҷои истиқомати шаҳрванди 48-сола, фурӯшандаи дорухонаи мазкур боз 13 адад бастаи маводи навъи ҳашиш ёфтанд, ки вазни он қариб 10 килоро ташкил дод.Нисбат ба дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






