Cафари «Рустам ва Сӯҳроб» ба Ялта
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз 11 то 17 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ялтаи Украина V-умин Фестивали байналмилалии «Театр. Чехов. Ялта» бо ҷалби беҳтарин намоишномаҳои манотиқи гуногуни ҷаҳон баргузор мегардад. Дар фестивал ҳайати театрҳои Австралия, Бразилия, Миср, Исроил, Эрон, Испания, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Арабистони Саудӣ, Уругвай, Фаронса ва Чехия ширкат меварзанд.Дар ин ҷашнвораи бошукӯҳи фарҳангӣ Тоҷикистонро ҳайати ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо намоишномаи «Рустам ва Сӯҳроб» муаррифӣ менамояд. Намоишнома аз рӯи асари А. Фирдавсӣ ба саҳна гузошта шуда, коргардони он Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Султон Усмонов мебошад.Дар фестивал тибқи барнома вохӯрӣ ва мубоҳисаи эҷодӣ бо ҳунармандону коргардонҳои машҳур, мунаққидони театр, муаллифон ва баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст.Дар ин бора Зиёбой Тошев, муовини директори Театри давлатии ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






