Cаги хизматӣ 4 кг каннабис ёфт
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари кишвар дар қаламрави шаҳри Душанбе мошини тамғаи «Opel»-ро, ки аз ҷониби сокини 62-солаи пойтахт идора мешуд, боздоштанд.Дар ҷараёни санҷиш бо истифода аз саги хизматӣ аз бордони мошин ду адад баста бо маводи нашъадори навъи каннабис бо вазни 4 килограм пайдо гардид.Дар ҷараёни санҷиш ва гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ як нафар ҳаммаслаки ӯ, ки зода ва сокини 48-солаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад, дастгир шуд. Агентӣ бо мақсади ошкор ва дастгир намудани шахсони дигаре, ки ба ин амали ҷиноятӣ робита доранд, муайян кардани роҳҳои қочоқи каннабис ба пойтахти кишвар ва минбаъд ба беруни ҷумҳурӣ интиқол додани он чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мегузаронад. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






