Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Задухӯрдҳо дар Туркия Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба гуфти расонаҳои хабарии БиБиСи дирӯз дар Сирнаки Туркия бар асари задухўрд миёни низомиёни нерўҳои ҳарбии Туркия ва аъзои ҳизби коргарии курдҳо 9 кас ба ҳалокат расида, 8 тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Бино ба маълумоти вазорати умури мамлакатто хол сабаби задухӯрд миёни ду нерўи ҳарбӣ муайян нашудааст, вале дар айни замон дар ҷойи ҳодиса кормандони мақомоти дахлдори кишвар фаъолият намуда, сабабҳои асосии задухўрдро муайян менамоянд. Дар байни қурбоншудагон танҳо низомиёни Туркия ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфти аъзои ҳизби коргарии курдҳо чунин муноқишаву зиддият миёни ду ҳизб муддати тўлонӣ боз идома дорад. Боздошти 40 килограмм маводи мухадир Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии шаҳри Колумбия рӯзи санҷиши нақлиёти кормандони корхонаҳои нақлётӣ ва техникаи сарҳадӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни амалиёти фаврию ҷустуҷўӣ кормандони мақмоти махсуси вазорат аъзои гурўҳи нашъаҷаллобро боздошт намуданд, ки онҳо ҳангоми интиқол додани 40 килограмм маводи мухаддир аз Колумбия ба ИМА дастгир шуданд Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ҷинояткорон ба гурўҳи нашъаҷаллоби «Нарко-Картел» — и Мексика робита доштаанд. Боздоштшудагон давоми 2 сол дар якчанд мамлакатҳо, аз ҷумла Мексика, ИМА, Колумбия ва дигар кишварҳо мавриди ҷустуҷў қарор доштаанд. Дар айни ҳол кормандони мақомоти марбута дар ҷои ҳодиса тафтишот гузаронида, ҳаммаслакони дигари ин гурўҳи ҷиноятпешаро мавриди ҷустуҷў қарор додаанд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






