Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Тафтишоти махсус дар МексикаДушанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар қисми шимоли Мексика кормандони Вазорати корҳои дохилӣ зимни гузаронидани амалиёти махсус роҳбари гурўҳи ҷинояткорон Давид Расалес Гузманро дастгир намуданд. Мувофиқи маълумоти сардори Раёсати тафтишоти вазорат ҷинояткор бо номи «Камандонт Иблис» амал мекардааст ва дар рабудану куштори одамон, ғоратгарӣ ва нашъаҷаллобӣ айбдор дониста мешавад. Девид Расалес роҳбарии гурўҳи қочоқчиёни маводи мухаддирро дар қисми шимолии Мексика ба ўҳда дошт.Тафтишот нишон медиҳад, ки танҳо дар моҳи августи соли равон Девид беш аз 19 нафарро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидааст. Дар Мексика пас аз қабули қонун «Дар бораи пурзўр кардани мубориза бар зидди нашъаҷаллобон» дар ин мамлакат 55 ҳазор кас аз дасти қочоқчиёни маводи мухаддир ба ҳалокат расидаанд.Фавти як миллиардери машҳурДушанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба итилои расонаҳои хабарии Кореяи Ҷанубӣ дар қисми шимоли мамлакат як миллиардер ва тоҷири машҳур бо номи Мун Сён Мон дар синни 93 солагӣ вафот кард. Номбурда ҳамчунин асосгузори ибодатгоҳи муттаҳидӣ мебошад.Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи Мун Сён Мон замоне огаҳӣ пайдо карданд, ки ў бо иштироки ҳазор нафар тўйи хонадоршавӣ барпо кард. Маросими хонадоршавии ў ба китоби Рекордҳои Гиннес шомил шудааст. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






