Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҳукуматдорони Британия хоҳони тағйироти кадрияндДушанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Вазири рушди иқтисод ва савдои Британияи Кабир Ҷорҷ Осборн зимни сўҳбат бо хабарнигорони дохиливу хориҷи кишвар чунин иброз дошт, ки мамлакат дар ҳолати бади бўҳрони молиявӣ қарор дорад. Ба ақидаи ў яке аз сабабҳои суст будан- ин нишондиҳандаҳои Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ мебошад. Ба ақидаи коршиносони мамлакат ҳолати бўҳронии ин мамлакат хеле тўлонӣ идома хоҳад ёфт. Ҳукуматдорон тасмим гирифтаанд, ки баъди интихоботи президентӣ дар ҳайати худ тағйироти кадрӣ гузаронанд. Ҳукумати ин кишвар ба парлумон лоиҳаҳои зиддибўҳрониеро пешниҳод кардааст, ки тибқи он ғайр аз ихтисори буҷа, инчунин таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст. Норозигии сайёҳони ХорватияДушанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои расонаҳои хабарии Хорватия дар фурудгоҳи байналмилалии «Пур»-и Хорватия ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ ҷамъ омада, аз фаъолияти ширкатҳои сайёҳии кишвар норозигии худро баён мекунанд, зеро сайёҳон наметавонанд ба ватанашон баргарданд. Бояд қайд кард, ки дар баробари сайёҳони амрикою аврупоӣ 600 нафар сайёҳ аз шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия низ дар фурудгоҳҳои Хорватия интизори парвоз ба самти заруриашон мебошанд. Роҳбарони ширкати сайёҳии «Чери-тур» аз мизоҷони худ оид ба ин қазия бахшиш пурсида, омодаанд, ки ҷубронпулӣ пардохт намоянд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






