Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Ҳалокати 30 нафар дар шимоли Покистон Душанбе, 19 сентябр. ( АМИТ «Ховар»).- Ба гуфти расонаҳои хабарии Би-Би-Си дирӯз дар шаҳри Каҳот, воқеъ дар қисми шимолии Покистон як мошини сабукрав ба автобусе, ки толибилмони Донишгоҳи исломии Покистонро баъди иштирок дар як мусобиқаи варзишӣ ба хонаҳояшон интиқол медод, ҳангоми ҳаракат бархӯрд. Дар вақти садама 30 нафар толибилм халок шуда, боқимонда захмҳои гуногун бардоштанд. Расонаҳои хабарии шаҳри Каҳот низ сабаби рўх додани фоҷеаро дар вайрону валангор ва таъмирталаб будани роҳҳои мошингард мебинанд. Бояд қайд кард, ки дар вақти ҳодиса дар дохили автобус 100 нафар толибилм будааст. Ихтирои дили сунъӣ Душанбе, 19 сентябр. ( АМИТ «Ховар»).- Ба гуфти расонаҳои хабарии Форс- НюС табибони Италия гузаронидани амалиёти ҷарроҳии дили сунъиро дар бадани кўдаки 16-моҳа бомуваффақият анҷом доданд. Ба гуфти сардори раёсати тандурустии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ҷарроҳӣ аз тарафи мутахассисони беморхонаи кўдакона амалӣ шудааст. Табибон саломатии маризро хуб арзёбӣ менамоянд. Бояд гуфт, ки ин узви сунъӣ аз титан ва пластика тайёр шуда, вазнаш 11 граммро ташкил медиҳад. Ҳаҷмаш хурд мебошад, вале дар як дақиқа то ним литр хунро мегузаронад. Ба гуфти мутахассиси соҳа таҷҳизоти дар бадани кўдак насб шуда то дер гоҳ боқи хоҳад монд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






