Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Боришоти зиёди борон дар Чин Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Расонаи хабарии «Форс Нюс» иттилоъ медиҳад, ки дар минтақаи Юнани Ҷумҳурии Мардумии Чин баъди боришоти зиёд чандин манзили зист пурра зери об монд. Аҳолии минтақаро кормандони ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар ба ҷойҳои бехавф кӯчониданд. Ба гуфти роҳбари ситоди ҳолатҳои фавқулодда минтақаҳои дар ҳалқаи офати табиӣ қарордошта хисороти зиёд дидаанд. Роҳҳои мошингард ва хати барқ низ аз фаъолият бозмондааст. Мувофиқи маълумоти ҳавошиносони кишвар дар натиҷаи боришоти шабонарўзӣ сатҳи оби рўди Йензи то як метр боло рафта, лағзиши қитъаи замин ба амал омадааст. Бояд қайд кард, ки аз сабаби номусоидии вазъи ҳаво дар аксари хатсайрҳо парвози тайёраҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта шудааст. Мутахассиони ҳавошинос иброз медоранд, ки чунин вазъи ҳавои номусоид чанд рўзи дигар боқӣ хоҳад монд.Таркиши сахт дар Ироқ Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар») Дар маркази Ироқ- шаҳри Бағдод бар асари як таркиши сахт 6 кас ба ҳалокат расида, чанд тани дигар ҷароҳати гуногун бардоштаанд. Ба иттилои як расонаи хабарӣ дар вақти ҳодиса кормандони мақомоти қудратӣ ҳозир шуда, беморонро ба беморхонаи марказӣ бурдаанд. Табибон вазъи саломатии чанде аз захмиёнро вазнин арзёбӣ мекунанд. Ба гуфти роҳбари Сарраёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии кишвар як шахси номаълум чанд муддат қабл дар дохили автомашинаи мусофиркаш таҷҳизоти таркандаро насб намуда, онро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ ба кор даровардааст. Дар айни ҳол тамоми кормандони сохторҳои қудратӣ дар макони ҳодиса фаъолият дошта, сабабҳои таркишро муайян менамоянд.Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






