Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Боздошти қаллоб дар фурудгоҳи Италия Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои расонаи хабарии «Рашн Тудей» дирӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Италия кормандони мақомоти махсус як тан қаллобро дастгир намуданд, ки ӯ тӯли чанд вақт бо роҳи фиреб ва сохтани ҳуҷҷати қалбакӣ худро корманди ширкати ҳавопаймоии «Люфтганза» муаррифӣ карда, бидуни пардохти маблағ дар хатсайрҳои гуногун парвоз мекард. Кормандони Хадамоти таъиноти махсус қаллобро аз рўи аксҳое, ки дар интернет интишор намудааст, шинохтаанду боздошт намудаанд.Бояд қайд кард, ки ин мард 32 сола буда, нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад Беаҳамиятии собиқ мири шаҳри Чун-Тсин Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар»).- Собиқ мири шаҳри Чун-Тсини Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар вазифаи роҳбари мақомоти полиси мамлакат кор мекард, аз ҷониби кормандони назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дастгир гардида, ба 15 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид. Тавре ки хабар дода мешавад, айбдоршаванда Ван Ли Дзюн, ки хамчун муборизи собитқадам алайҳи ҷинояткорӣ маъруфу машҳур буд, барои сўйистифода аз мансаб ва гирифтани ришва дар ҳаҷми 3 миллион юан муттаҳам дониста шуд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






