Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо….
Суғд, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 7 сентябри соли 2012 дар вилояти Суғд бо иштироки 120 нафар ҷавон фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Кирғизистон «Корвони сулҳ» бахшида ба 21 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…» баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин фестивал муттаҳидии ҷавонони минтақаҳои гуногуни кишвар ва Ҷумҳурии Кирғизистон, ивази таҷрибаҳои пешқадам, огаҳи пайдо намудан аз фарҳанг, таърих, ананҳои миллӣ, ҳаёт ва фаъолияти ҷавонони Суғд мебошад.Бояд тазакур дод, ки санаи 4 сентябр ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳбарии мутахассиси пешбари Вазорати ҷавонон, меҳнат ва шуғл Отуной Олимбоева ва 20 нафар ҷавони пешвои вилоятҳои Ӯш, Ҷалолобод, Иссиқкӯл, Боткент ва шаҳри Бишкек ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Исфара ворид гаштанд. Ҳамчунин ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии сардори Раёсати кор бо ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бӯриев ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ворид гаштанд. Аз рӯи барномаи фестивал 5 сентябр иштирокчиёни он аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан намуданд. Дар майдони марказии ноҳия ҷавононро Раиси ноҳия Содиқҷон Мирхолиқов ва бештар аз 1000 нафар ҷавон бо шаҳомати хосса пешвоз гирифтанд. Сипас гурӯҳи меҳмонону ҷавонон бо арҷгузорӣ нисбат ба Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар пояи муҷассами ин алломаи машриқзамин гулчамбари дӯстӣ гузоштанд. Ҳамчунин ҷавонон аз ҳаёт ва фаъолияти сарбозони қисми низомии 14356 ва корҳои сохтмониву навсозии Қасри Арбоб ва чойхонаи миллӣ дидан намуданд. Фестивали дӯстии ҷавонони Тоҷикистону Қирғизистон «Корвони сулҳ» дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад.Дар ин юора мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Олимчон Зоҳидов хабар дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






