Дар 9 моҳ — 292 ҳазору 250 тонна ангишт

Сентябрь 26, 2012 13:56

Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корхонаҳои истихроҷкунандаи ангишт фаъолияти худро дар соли ҷорӣ самаранок гардонида, иҷрои нақшаро то имрӯз қариб ду баробар нисбат ба соли гузашта зиёд намуданд,- иттилоъ доданд аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба мухбири АМИТ «Ховар».  Ба иттилои манбаъ, то 24-уми сентябри соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи ангишт ба миқдори 292 ҳазору 250 тонна ангишт истихроҷ намудаанд. Истихроҷи ангишт нисбат ба нақшаи пешбинишуда аз аввали соли 2012 ба андозаи 125 ҳазору 261 тонна ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 ба миқдори 141 ҳазору 230 тонна зиёд аст. Дар назар аст, ки ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт то 27-уми сентябр ба 300 ҳазор тонна расонида шавад, ки ин нисбат ба соли сипаришудаи 2011 қариб 200 фоизро ташкил медиҳад.

Сентябрь 26, 2012 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд