Дар Душанбе консерти мусиқии органӣ баргузор мегардад
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).- 21 сентябр дар Донишкадаи давлатии Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ба муносибати 1150 солагии бунёди давлатдории Русия консерти мусиқии органии Ходими шоистаи санъати Русия, овозхони Филармонияи давлатии Олтой, дотсенти кафедраи таърихи санъати дохиливу хориҷии факултаи санъати Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Будкеев баргузор мегардад. Дар робита бо ин, раиси Донишгоҳи давлатии Олтой Сергей Земляков ва раиси Ҷамъияти дӯстии «Зарафшон»-и Русияву Тоҷикистон дар кишвари Олтой Зайниддин Сангинов ҳамроҳи овозхони номӣ ба шаҳри Душанбе меоянд. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






