Дар ноҳияи Шаҳритус корхонаи семент бунёд мешавад
Душанбе, 13 сентябр.(АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар ноҳияи Шаҳритус корхонаи нави семент бунёд мегардад. Тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар айни ҳол ҳуҷҷатҳои техникию иқтисодии он таҳия мегарданд. Мувофиқи суханони манбаъ, лоиҳаи корхонаро ширкати тавлиди маводи сохтмонии Чин тартиб дода, онро якҷоя бо Ширкати алюминии Тоҷикистон бунёд мекунад. Мувофиқи ҳисоботи пешакӣ, барои амалӣ намудани ин лоиҳа беш аз 300 миллион доллари амрикоӣ зарур аст. Иқтидори солонаи корхонаи оянда 1 миллион тонна сементро ташкил медиҳад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






