Даргузашти собиқ мушовири давлатии Президент
Душанбе, 25 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 24 сентябр дар синни 81- солагӣ яке аз собиқадорони соҳаи маорифи кишвар, Муаллими шоистаи Тоҷикистон Ниёз Сафаров аз олам даргузашт. Н. Сафаров тамоми ҳаёт ва умри пурбаракати худро ба рушди соҳаи маориф ва тарбияи насли ҷавон бахшидааст. Марҳум 12 августи соли 1931 дар собиқ ноҳияи Даштиҷуми вилояти Хатлон ба дунё омада, дар соли 1949 донишкадаи дусолаи омўзгории шаҳри Кўлоб ва дар соли 1952 факултаи забон ва адабиёти Донишкадаи омўзгории ба номи Т. Шевченкоро хатм намудааст. Н. Сафаров аз соли 1952 то соли 1991 дар бахшҳои гуногуни соҳаи маорифи ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Аз соли 1991 то соли 1995 дар вазифаи муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ, солҳои 1995 -1999 ба ҳайси мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм ва масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолият намудааст. Хизматҳои шоёни Ниёз Сафаров бо мукофотҳои давлатӣ, ба мисли Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии Ҷумурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, орденҳои «Нишони фахрӣ» ва «Дӯстӣ» қадр карда шудааст. Маросими ҷанозаи Н. Сафаров 25 сентябр дар Душанбе баргузор гардид ва дар он раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, Вазорати маорифи кишвар иштирок доштанд. Ҷасади марҳум 25 сентябр дар қабристони Сариосиёи пойтахт ба хок супорида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






