Дастгирии Ҷопон аз маркази нефрологии Душанбе

Сентябрь 20, 2012 15:20

Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ)- Имрӯз Ҳироюки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мария Шехова, сардухтури Маркази нефрологӣ дар назди бемористони клиникии кӯдаконаи №2 созишномаи грантӣ роҷеъ ба «Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти тиббии Маркази ҷумҳуриявии нефрологии кӯдаконаи Тоҷикистон»-ро ба маблағи 106 ҳазору 548 доллари ИМА ба имзо расониданд. Лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ дастгирӣ мешавад. Маркази нефрологӣ ягона муассисаи тиббиест, ки бо маризиҳои гурдаи кӯдакона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман кор мебарад ва барои пешкаш намудани хизматрасонии тиббӣ барои беш аз 3000 кӯдак дар як сол нақши асосиро мебозад. Лекин бештари таҷҳизоти тиббии мавҷуда кӯҳна буда, дар ҳолати ногувор мебошанд. Норасоии таҷҳизоти тиббӣ аз омилҳои асосии хизматрасонии хуби тиббӣ барои беморон мебошад. Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи мазкур таҷҳизоти нави тиббӣ, ба монанди УЗИ, коагулятор дар марказ пайваст мегарданд Татбиқи лоиҳа боиси баланд бардоштани сатхи хизматрасонии тиббӣ барои беш аз 3000 бемори гурда мегардад. Бешубҳа, лоиҳа беҳтар намудани саломатии мардум ва ҳимояи ҳуқуқи онҳоро барои пеш бурдани ҳаёти солим дар назар дорад.

Сентябрь 20, 2012 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд