Дастовардҳои олимони Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ
Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дастовардҳои олимони Пажӯҳишгоҳи чорводорӣ доир ба истифодаи самараноки бентонитҳои маҳаллӣ дар хӯроки мурғу чӯҷаҳои парваришшавандаи фермаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ сазовори Ҷоизаи ба номи академик Султон Умарови АИ ҶТ гардид.-иброз дошт президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ академик Ҳикматулло Аҳмадов ба мухбири АМИТ «Ховар». Олимони Пажӯҳишгоҳ дар натиҷаи корҳои илмию селексионӣ дар хоҷагии Кооперативии ба номи Латиф Муродови ноҳияи Ҳисор аз ҳар сар модагови таҷрибавӣ 5 ҳазору 17 кг шир гирифтанд. Дар натиҷаи таҳқиқот муайян карда шуд, ки истифодаи қӯшқорҳои зотии заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор ва хоҷагии фермерии «Дилшод»-и ноҳияи Варзоб баҳри беҳсозии хусусиятҳои ирсӣ ва баланд шудани маҳсулнокии рамаи хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва фермерии ноҳияҳои Варзоб, Данғара, Роғун, Ҷалолиддини Румӣ, Ҳамадонӣ, хоҷагиҳои шахсии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хуб мусоидат намуд. Корҳои таҳқиқотии олимон дар самтҳои дигари соҳаи чорводорию паррандапарварӣ идома доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






