Директори ҶДММ «Навбаҳор-98» дуздӣ кард
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишвар директори ҶДММ «Навбаҳор-98» Ёдгор Неъматович Назарови 48 сола, сокини ноҳияи Ҳисор бо гумони қаллобӣ дастгир шуд. Номбурда аз вазифаи худ сӯйистифода намуда, бо имзо ва мӯҳри корхонааш ҳуҷҷати расмии қалбакиро таҳти №7 аз 31.03.с.2011 бо роҳи сохтакорӣ истифода бурда, ба суратҳисоби бонки ҶДММ-и мазкур аз суратҳисоби ҶДММ «Газпромнефт Тоҷикистон», воқеъ дар кӯчаи Чехови шаҳри Душанбе маблағи пулиро ба миқдори 1 миллиону 260 ҳазор сомонӣ бо истифодаи техникаи компютерӣ гузаронидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






