Директори ҶДММ «Тезпур» дастгир шуд
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 6-уми сентябри соли ҷорӣ кормандони шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд муайян намуданд, ки директори ҶДММ «Тезпур» Маҳмуд Насруллоевич Раҳматови 33- сола, сокини маҳаллаи 12-и шаҳри Хуҷанд тибқи шартномаи қабули пардохтҳо аз 1-уми сентябри соли 2010 бо ҶСПКМ «Сомонком» ҳамкорӣ намуда, дар давраи фаъолияти кориаш бо маслиҳати пешакӣ бо муҳосиби ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» Абулатиф Абдуманнонович Қаюмови 36 -сола, сокини маҳаллаи 19-и шаҳри Хуҷанд, бо роҳи сохтакорӣ ҳуҷҷатҳои муҳосибии 10-адад фармоиши пулӣ барои гузаронидани маблағҳои пулӣ ба миқдори умумии 3 230 000 сомонӣ дар моҳи майи соли 2012 тайёр кардаашро ба почтаи электронии ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» ирсол намуда, бо ин роҳ маблағи мазкурро азхуд намудааст. Инчунин шаҳрванд М.Н. Раҳматов 2320670-сомонӣ маблағи пулии қабули пардохтҳои муштариёнро ба ҶСП «Индиго-Тоҷикистон» аз муҳосиботи ҶДММ «Тезпур» дар асоси ҳуҷҷатҳои муҳосибие, ки дар ихтиёраш қарор доштанд, гирифта, ба муҳосиботи ҷамъияти мазкур ҳисобот пешниҳод накарда, ҷамъ маблағи умумии 5 550 670 сомониро азони худ намуда, барои эҳтиёҷоти худ сарф кардааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад. Хабари мазкур дар сомонаи расмии ВКД интишор шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






