Директори радио директори ТВП таъин шуд
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Директори радиои Тоҷикистон Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев директори Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт» таъин гардид. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар озмуне, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе тобистони соли ҷорӣ ҷиҳати ноил гардидан ба вазифаи директории ТВ «Пойтахт» эълон гардида буд, иштирок намуда, дар байни беш аз 10 довталаб ғолиб омад ва ба вазифаи директори ТВ «Пойтахт» таъин гардид. Мавсуф дастпарвари факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, 44 сол дорад. Абдуқодири Абдуқаҳҳор аз соли 1995 дар бахши журналистикаи тоҷик фаъолияти густурда дошта, дар вазифаҳои муҳаррир, муовини сармуҳаррири идораи иттилоотии телевизиони Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири идораи «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсии ТВ Тоҷикистон ва аз соли 2006 инҷониб ба ҳайси директори радиои Тоҷикистон кор кардааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






