Домани пурбор дорад тирамоҳ…
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ чун дар дигар хоҷагиҳои пахтакор суръат ва вусъати тоза меёбад. Махсусан пахтакорони ноҳияи Ҳисор ҷамъоварии ҳосилро рӯз то рӯз тезонида, мақсад доранд, ки соли ҷорӣ 6 ҳазору 615 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намоянд. Кишоварзон то имрӯз зиёда аз 2 ҳазору 500 тонна пахта ҷамъ овардаанд.Пахтакорони хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода низ суръати ҷамъоварии ҳосилро метезонанд. Деҳқонон азм доранд зиёда аз 8 ҳазор тонна пахта ҷамъ оваранд. Суръати ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат низ дар авҷ аст. Умуман деҳқонони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мақсад доранд, ки имсол зиёда аз 25 ҳазор тонна пахтаи аълосифат ҷамъоварӣ намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






