«Дунёи китоб»-и Хайрандеш
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Дар фазои иттилоотии ҷумҳурӣ нашрияи нав бо номи «Дунёи китоб» ба фаъолият оғоз намуд. Нашрия бахшида ба Рӯзи байналмилалии китоб рӯи чоп омад. Ҳадафи нашрияи мазкур муаррифии китобҳои ҷаҳонии тозаэҷод ва маъруф, ки арзиши баланди илмию маънавӣ доранд, мебошад. Ҳамчунин дар нашрия маълумоти муфассал оид ба китобхонаҳо ва нашрияҳои даврии Тоҷикистону ҷаҳон гирд оварда шудааст. Бояд гуфт, ки нашрияи «Дунёи китоб» моҳе як маротиба бо теъдоди 1000 нусха аз чоп мебарояд. Таъсисдиҳандаи нашрия Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» буда, сармуҳарририи онро шоири шинохта Хайрандеш ба ӯҳда дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






