Дурнамои ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи соҳаи иқтисод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо 27 сентябри соли равон дар мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод бо мушовири масъалаҳои кӯмаки молиявӣ ва идораи молияи давлатии Комиссияи Аврупо Рупиндер Сингҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни вохӯрӣ доктор Р.Сингҳ дар бораи ҳадафи сафараш ба Тоҷикистон изҳор намуд, ки Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ омода аст, то ҳамкориашро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшад. Аз ин лиҳоз, муҳим аст, ки дар рафти вохӯриҳо бо мақомоти салоҳиятдори ҷумҳурӣ ҷиҳати таҳияи барномаҳои минбаъда самтҳои бартари ҳамкорӣ ба инобат гирифта шаванд. Дар навбати худ У.Давлатзод самтҳои бартари рушди иқтисоди кишварро зикр карда, дар ин замина дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро аз рӯи самтҳои мазкур ва дигар соҳаҳои муҳим номбар намуд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






