Дуздони моҳир ба даст афтоданд
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ваҳдат ҳамчун гумонбар дар дуздӣ шаҳрвандон Ҷомаҳмад Саидови 28 сола, сокини деҳаи Нозирободи ноҳияи Ваҳдат, Зафар Муродови 25 сола ва Файзулло Нурализодаи Вайсиддин, соли таваллудаш 1990, сокинони деҳаи Калони ҳамин ноҳияро дастгир карданд. Онҳо шаби 25 ба 26-уми сентябри соли ҷорӣ аз базаи таъмири артели заршӯии «Помир», воқеъ дар деҳаи Калони ноҳияи Ваҳдат 2-адад муҳаррики компрессорро, ки арзишашон 15 ҳазору 950 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далели шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






