Эҳтиёт-нисфи ҳаёт!
Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов). – 9- сентябри соли 2012 соати 12.50 дар ноҳияи Хуросон ронандаи мошини тамғаи «ДЭУ-Матиз» Сафия Исматова, соли таваллудаш 1952, хангоми харакат дар километри 69-уми роҳи Душанбе-Қурғонтеппа аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, мошинро чаппа мекунад, ки дар натиҷа худи ронанда дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. 15 сентябри соли 2012 соати 11.30 дақиқа дар ноҳияи Данғара низ ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106» Ҳусайн Убайдов, соли таваллудаш 1950, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе аз ўҳдаи идораи мошин набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромад ва ба мошини тамғаи «Хундай-Старекс», таҳти идораи ронанда Эраҷ Ашӯров, соли таваллудаш 1980 бар мехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи мошини тамғаи «ВАЗ-2106» ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 16 сентябри соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди ҷумҳўрӣ 34 садамаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 41 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гардидаанд. Раёсати БДА аз ҳамаи ронандагон ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба талаботи аломати роҳ итоат намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Дар ин бора аз шӯъбаи ташвиқоту тарғиботи Раёсати Бозрасии Давлатии автомобилии Вазорати Корҳои дохилии ҶТ Маҳмадшариф Шамсов иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






