Э. Раҳмон М. Мармӣ ва Э. Бирюковро ба ҳузур пазируфт

Сентябрь 17, 2012 13:11

Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар»)- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ Мартин Мармӣ ва Дабири кулли Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА Эдуард Бирюковро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ва барномаи ТРАСЕКА доир ба бунёди коридори нақлиётии Аврупо-Кавказ-Осиё баррасӣ шуд.Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси нави Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилиро доир ба муаррифии лоиҳаи “Шоҳроҳи намунавӣ” дар масири сараҳади Қирғизистон-Ҷиргатол-Рашт-Душанбе-Қурғонтеппа-Панҷи Поён-сарҳади Афғонистон мавриди дастгирӣ қарор дода, ҳамзамон чанд таклифу пешниҳоди муфиди дигар ба миён гузошт. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки дар доираи ҳамкории дуҷониба дар минтақаи озоди иқтисодии “Панҷи Поён” як Маркази муосири логистикаи автомобилӣ бунёд карда шавад. Ҳамчунин иштироки васеътари Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ ва Барномаи ТРАСЕКА дар бунёди роҳҳои нав ва навсозии роҳҳои мавҷудаи автомобилии Тоҷикистон бо пайвастани онҳо бо шабакаҳои нақлиётии дигар кишварҳои минтақа мувофиқи матлаб дониста шуд.Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба раисии Тоҷикистон дар ТРАСЕКА дар соли 2013 ва ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба рушди нақлиёти автомобилӣ ва имкониятҳои транзитии Осиёи Марказӣ барои давраи то соли 2020, ки соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, зоҳир гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки раисии Тоҷикситон дар ТРАСЕКА ва ҳамоиши бузурги соли 2013 ба ҳаллу фасли мушкилоти зиёди ин минтақа, аз ҷумла бартарафсозии монеаҳои сунъӣ эҷодшаванда мусоидати фаъол хоҳад кард.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Сентябрь 17, 2012 13:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд