Эмомалӣ Раҳмон: «Ислом танҳо ибодат нест!»
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- «Баъзе падару модарон бе дарки оқибатҳои вазнини тақдири фарзанд бачаҳои ноболиғро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар барои таълими динӣ ба муассисаҳои таълимии равияи экстремистӣ мефиристанд. Аксари онҳое, ки имрӯз ба ватан баргардондем, ба забони тоҷикӣ навишта ва хонда наметавонанд». Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ифтитоҳи Мактаби байналмилалии президентӣ дар ҳузури устодону толибилмон ва масъулини соҳаҳои дахлдор иброз намуд. Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки ҳол он, ки дар ислом ҳамаи арзишҳо тибқи мақом ва мартабаи худ арҷгузорӣ шудаанд ва дини ислом дар баробари ибодат ва таълимоти динӣ буданаш, инчунин саршор аз арзишҳои волои некӣ, саховатмандӣ, инсондӯстӣ, адлпарварӣ, илмомӯзӣ ва таҳаммулгароист, аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, баъзе падару модарон аз сабаби боло гирифтани ҳисси таассуб фарзандони худро ба чунин роҳи нодуруст раҳнамоӣ мекунанд. Президенти кишвар аз ҳадиси паёмбари ислом: «омӯхтани илм баландтар аз ибодат аст» ёдовар шуда, таълиму тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, дорои ахлоқу одоби ҳамида ва ҳунарманду соҳибкасбро бузургтарин рисолати падару модар ва вазифаи муқаддаси ҳар як оила ва ҷомеа унвон кард. Дар охир Эмомалӣ Раҳмон таъкид бар он намуд, ки амалӣ гардидани Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» то ба ҳол ба таври дилхоҳ ба роҳ монда нашуда, татбиқи воқеии он аз ҳамаи мо, пеш аз ҳама, аз падару модарон андешидани чораҳои заруриро талаб менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






