Эмомалӣ Раҳмон: «Кадрҳои баландихтисос тарбия кунед!»
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи бинои боҳашамати Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуд.Нахуст Президенти кишвар толибилмон ва омӯзгоронро бо оғози соли нави таҳсил таҳният гуфта, мактаби мазкурро ҳадяе ба ифтихори 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд. «Дар кори бунёди ин маҷмааи бисёр зебои замонавӣ меъморону сохтмончиён заҳмати зиёд кашида, барои фарзандони мардуми диёрамон тӯҳфаи дар ҳақиқат идона омода кардаанд, ки ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ менамоям. Имрӯз чун рӯзи илму дониш аст, мехоҳам таъкид намоям, ки навсозӣ ва рушду такомули тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро бидуни пешрафти илму маориф таъмин намудан аз имкон берун аст», зикр намуд Президенти кишвар.Мактаби байналмилалии президентӣ дар ҳақиқат бо дарназардошти талаботи муосир нисбат ба муассисаҳои таълимии сатҳи байналмилалӣ ба маблағи умумии қариб 80 миллион сомонӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоту технологияҳои зарурии ҳозиразамон ва шароити олӣ барои донишомӯзӣ таъмин гардидааст.Ин муассисаи таълимӣ дорои 1038 ҷойи нишаст, ду бинои хобгоҳ барои ҳамаи донишомӯзон ва хонаи истиқоматии иборат аз 28 ҳуҷра барои омӯзгорон буда, аз 84 синфхона, ду китобхона, синфхонаҳои компютерию лингофонӣ, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толорҳои варзишӣ, ошхона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад.Президенти кишвар ҳамчунин таъкид намуд, ки; пешрафти давлат, таҳкими иқтисодиёти миллӣ ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бидуни ширкати мутахассисони варзида ғайриимкон аст, аз ин рӯ, Сарвари Давлат ба масъулини соҳаҳои дахлдор дастур дод, то дар омода намудани кадрҳо дар ин ё он соҳа ба сифати онҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, на ба шумора.








Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад






