Эмомалӣ Раҳмон: «То кай ба гузаштагони худ менозем?…»
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Субҳи имрӯз мулоқоти навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш дар бинои хушсохту замонавии Мактаби байналмилалии президентӣ баргузор гардид. Президенти мамлакат зимни суханронии худ, зикр намуд, ки Ҳукумати кишвар ба рушди илму маориф, истифодаи босамари иқтидору тавоноиҳои илмӣ, таҷдиду такмили заминаи моддиву техникии соҳаи маориф, Академияи илмҳо ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ таваҷҷӯҳи боз ҳам бештар зоҳир намуда, барои пайдо намудани роҳи ҳалли масъалаҳои муҳиму мубрами соҳа чораҳои бетаъхир меандешад ва мавриди истифода қарор додани боз як муассисаи нави таълимӣ аз ҷумлаи иқдомоти Ҳукумат дар самти тақвият бахшидани соҳаи маорифи кишвар маҳсуб меёбад. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бо вуҷуди он, ки саҳми гузаштагони миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ назаррас буда, миллати мо дар тӯли асрҳо ба аҳли башар садҳо фарзандони фарзонаро тақдим намудааст, аммо акнун замоне расидааст, ки бояд ба гузашта на танҳо ба хотири ифтихор назар афканем, балки барои пешрафти илми муосири тоҷик иқдомоти тозаву устуворро амалӣ намоем.Президенти кишвар изҳори бовари намуд, ки наврасону ҷавонони имрӯзаи тоҷик воқеан ворисони фарҳангу тамаддуне ҳастанд, ки он аз сароғози худ ба ганҷинаи тамаддуни ҷаҳонӣ дурдонаҳои пурарзиши илмиву адабиро ворид сохта, дар ташаккули соҳаҳои гуногуни илми муосир ҳамчун манбаи файзбор хизмат кардааст. Аз ин хотир, Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷӯҳ ба толибилмон таъкид намуд, ки насли имрӯзаи мо низ бо дониши баланди касбӣ бояд номбардори гузаштагони баруманди худ бошад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Вазорати маориф, Академияи илмҳо ва Академияи таҳсилотро зарур аст, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои таълимии мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва мактабҳои олӣ талаботи нав ба савод ва саводнокиро ба назар гиранд».Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои таълимии мо бояд тарзе сохта шаванд, ки таълимгиранда соҳиби саводу маърифат ба маънои воқеӣ ва муосири он гардад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






