Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар қаламрави ҷумҳурӣ 1450 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ҷумлаи онҳо 949 корхона ҳаҷман калон ва миёна мебошанд ва ба мақомоти омор мустақиман ҳисобот пешниҳод менамоянд. Дар баробари ин, фаъолияти 279 корхонаи саноатии Ҷамъияти «Тоҷикматлубот», 6 корхонаи тобеи Ширкати давлатии «Барқи тоҷик» ва 216 адад корхонаи хурди саноатӣ, ки шумораи кормандонашон аз 10 нафар кам аст, ба қайд гирифта шудааст.Дар давоми моҳҳои январ-августи соли 2012 аз 14 корхонаи саноатии ВМКБ 3 корхона, аз 285 корхонаи саноатии вилояти Суғд-16, аз 244 корхонаи вилояти Хатлон-40, аз 288 корхонаи шаҳри Душанбе -22 ва аз 178 корхонаи саноатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 44 корхона аз аввали соли ҷорӣ фаъолият накард. Бо вуҷуди он, корхонаҳои саноатии Вазорати энергетика ва саноат ба маблағи 1 млрд. 862,1 млн. сомонӣ, корхонаҳое, ки марбут ба вазорату идораҳои ҶТ нестанд, ба маблағи 783,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






